Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню
РОБИТАИ ВОЛИДОН БО МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ - ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Имрӯз дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон маҷлиси васеи падару модарони донишҷӯён баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини раиси ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Меъроҷи Абдулҳаким иштирок ва дар мавзуи таълиму тарбия, риояи арзишҳо ва суннатҳои миллӣ, пешгирии фарзандон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, фирефта шудан ба ақидаҳои ифротии ҳизбу ҳаракатҳои эктремистию террористӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ суханронӣ карданд.

Директори Коллеҷ Субҳиддин Иззатов зимни суханронии худ аз ҷумла зикр намуд, ки “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон соли 2018 ба фаъолият шурӯъ карда, то имрӯз зиёда аз 1400 нафар донишҷӯёнро соҳиби касбу ҳунар намудааст, ки имрӯз онҳо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз кишвар кору фаъолият доранд.

Дар давоми ҳамин муддати кӯтоҳ, коллеҷи мо дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сазоворро касб намуда, тайи се соли охир ба гирифтани ҷойҳои 1-ум ва 2-юм сазовор гардид, ки ин аз натиҷаи заҳматҳои омӯзгорон ва донишҷӯён шаҳодат медиҳад. Донишҷӯёни коллеҷ ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Масалан, соли гузашта 5 нафар шогирдони мо дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ (аз рӯйи фанҳои дақиқ) ширкат варзида, 4 нафари онҳо соҳиби ҷойи 1-ум ва 1 нафар соҳиби ҷойи сеюм, инчунин, 1 нафари дигар дар олимпиада аз фанни таърих сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки ин дар тамоми ҷумҳурӣ дастоварди беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Имрӯз бо дастгирии муассиси коллеҷ муҳтарам Акбар Асадулло тамоми шароиту имкониятҳо барои илму ҳунаромӯзӣ дар муассисаи мо фароҳам оварда шудааст. Зиёда аз 112 синфхона, озмоишгоҳҳо ва марказҳои омӯзиши малакаҳои амалӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои таълимӣ таъмин буда, донишҷӯён дар беморхонаи марказӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд. Дар назди муассиса барои духтарон хобгоҳи ҳозиразамон мавҷуд аст. Осорхона, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва омодагии ҳарбӣ дар ихтиёри донишҷӯён қарор доранд. Донишҷӯёни беҳтарин бо стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, ба номи Асадулло Ғуломов, муассис ва директори коллеҷ қадрдонӣ карда мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки беҳтарин омӯзгоронро ба таълиму тарбияи шогирдон ҷалб намоем.

Айни замон зиёда аз 150 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, табибон ва мутахассисони варзида ба донишҷӯёни коллеҷ дарс медиҳанд. Дар назди ҳар кафедра маҳфилҳои фаннӣ ва гурӯҳҳои олимпӣ ташкил карда шудааст, ки донишҷӯён метавонанд дар онҳо аз рӯйи фанни дилхоҳашон ба таври ройгон дарсҳои иловагӣ гиранд

Ҷомеаи омӯзгорони КТФТ тамоми саъю талоши худро ба он равона мекунад, ки дар амалисозии сиёсати маорифарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб гузошта, ба ин восита, наврасонро соҳибилму соҳибҳунар гардонад. Натиҷаи заҳмати мо танҳо ва танҳо аз фаъолияти якҷоя бо падару модарони донишҷӯён вобаста мебошад”.

Дар поёни ҷамъомад падару модарон ба маъмурият ва омӯзгорони муассиса барои ғамхориҳо, тарбия ва соҳибкасб гардонидани фарзандонашон изҳори ташаккур намуданд

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон