Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мушаххас ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии муассиса Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Парчами ному нанги мо" баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ донишҷӯён бо намоиши театрӣ ва қироати шеърҳо ва порчаҳои насрӣ дар ситоиши Парчам ҳамчун як арзиши муқаддаси миллӣ ба Конференсия ҳусни оғоз бахшиданд. Дар қисмати расмии он омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ Воҳидов Неъматхон, Собитзода Суманбону, Ҷононаи Бобохон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Директори муассиса Изатов Субҳиддин зимни баромади хеш қайд кард; -Муносибати эҳтиромона нисбат ба рамзҳои давлатӣ барои ҳар як шаҳрванд зарур аст. Зеро рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, қадр кардани онҳо мояи ифтихори ҳар яки мост. Рамзҳои давлатӣ ифодагари Истиқлолият, худшиносӣ, давлатдорӣ ва дар ҷаҳон мавқеи сиёсӣ доштан аст. Миллати тоҷикро бо Парчам ва дигар рамзҳояш мешиносанду эҳтиром мекунанд. Насли наврас ва ҷавонон, варзишгарон, коргару деҳқон зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии Тоҷикистон бо Парчами миллии худ ифтихор доранд.
Парчами давлатии Тоҷикистон ин рамзи озодиву Истиқлол, муттаҳидӣ, якпорчагии Ватан ва якдиливу садоқати тамоми мардуми Точикистон ба Ватану миллати хеш аст. Ҳамаи мо вазифадорем, ки ин арзиши муқаддасро ҳифз ва эҳтиром намуда, дар зери ин ливои бахту саодат ҳамеша яктану якмаром гардида, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоем




