Имрӯз дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни болаёқату донишманд даври аввали Олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои гуманитарӣ баргузор карда шуд. Зимни ифтитоҳи ин чорабинии маърифатӣ директори муассиса Изатов Субҳиддин қайд кард, ки дар муассиса барои донишазхудкунӣ ва маърифатандӯзии донишҷӯён тамоми шароитҳо муҳайё буда, беҳтарин омӯзгорон дар гурӯҳҳои олимпӣ барои ба даврҳои минбаъдаи Олимпиадаҳои фаннӣ омода намудани донишҷӯён садоқатмадона заҳмат мекашанд.
Ҳамзамон роҳбари муассиса қайд карданд, ки барои ҳар як донишҷӯе, ки аз Олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо дастовардҳои назаррас бармегарданд, маъмурияти муассиса имтиёзҳои хуб пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои муайян сарфароз гардонидан, додани Стипендияи ба номи Асадулло Ғуломов, аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил озод намудан ва ғайраҳо
Лозим ба қайд аст, ки дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон пайваста ба самти дар сатҳи баланд ва зарурӣ баргузор намудан ва таъмини шаффофият дар баргузории Олимпиадаву озмунҳо диққати аввалиндараҷа дода мешавад. САРМУТАХАССИСИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ САТТОРОВА МЕҲРИНИСО




