Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд.
Нахуст, директори коллеҷ Иззатов С.И.ба сухан баромада, оид ба таърихи қабули Конститутсия, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ва аҳамияти аввалиндараҷа доштани ин санади муҳими таърихӣ суханронӣ намуд. Чунин қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади роҳнамо ва кафили сулҳу субот, адолату саодати мардум хизмат менамояд.
Дар кори конференсия аз тарафи омӯзгорони муассиса доир ба муқаррароти Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун маърӯзаҳои илмӣ ироа карда шуд.
Сипас, донишҷӯёни муассиса оид ба бобҳои алоҳидаи КОНСТИТУТСИЯ маълумот доданд.




