Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, таъмини донишҷӯён бо адабиётҳои таълимӣ, фаъолияти комиссияи интиқол ва барқарор дар давраи таътили тобистона, вазъи омодагии муассиса ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва дигар масъалаҳои зарурии раванди таълиму тарбия баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ба омӯзгорони унвонҷӯ шурӯъ аз моҳи январи соли 2026 иловапулӣ дар ҳаҷми 10 фоиз (дар оғози соли нави таҳсил музди меҳнати омӯзгорон 30 фоиз зиёд гарид) пардохт карда шавад.
Инчунин, барои дастгирии донишҷӯёни фаъол, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ дар асоси қарори Шӯрои омӯзгорӣ стипендияи ба номи Асадулло Ғуломов таъсис дода шуд.




