10 ноябри соли 2025 ҷаласаи навбатии Шӯрои омӯзгорони (олимони) Коллеҷи технологӣ- фарматсевтии Тоҷикистон бо дар бар гирифтани масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таълим, дар роҳи дуруст тарбия намудани насли наврас, риояи интизоми меҳнат, давомоти донишҷӯён ва истифодаи роҳу усулҳои нави илмомӯзӣ дар раванди таълим баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи навбатӣ 5 масъалаи асосӣ ва 7 масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.




