Имрӯз аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷҳои технологӣ -фарматсевтӣ ва тиббии ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳони мубориза бар зидди ВНМО дар маркази ноҳия аксияи таблиғотӣ таҳти унвони "Ба муқобили бемориҳои сироятӣ мубориза мебарем" баргузор карда шуд.
Дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби донишҷӯён ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ тақсим карда шуд.




