- Намоишҳо : 26
Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон
Бояд гуфт, ки ҳанӯз 31 сол муқаддам, санаи 6-уми ноябри соли 1994 мардуми тамаддунофару фарҳангсолор, заҳматқарину шарафманди тоҷик аввалин маротиба аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ барои муайян кардани сарнавишти худ ва комёб шудан ба саодату хушбахтӣ ба тарафдории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ҳамакнун аз лаҳзаи қабули ин ҳуҷҷати муҳими таърихиву санади олии сарнавиштсоз 31 сол сипарӣ гашт.
Аслан, тавре ки таърихи пайдоиш ва рушди давлатҳои мутамаддин ва таҷрибаи конститутсионализми дунё нишон медиҳад, қабули Конститутсия бо дарназардошти рушди бемайлони муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба вуқуъ пайвастани таҳаввулоти азим ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа иттифоқ афтода, дастоварду музаффариятҳои давраи муайяни таърихии рушди ҷомеа ва давлатро дар худ инъикос намуда, дурнамои пешрафти онро муайян менамояд.
Конститутсия барои ҳар як давлат, миллат ва халқ ҳуҷҷати муҳим, асосӣ, тақдирсоз ва дар умум қонуне ба ҳисоб меравад, ки дар он тамоми рукнҳои давлатдорӣ ва рушду инкишофи ояндаи давлату миллат муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 давлату ҳукумат зарур шуморид, ки дар мадди аввал бояд Конститутсияи навро қабул намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Хондан ...- Намоишҳо : 108
Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, мебинем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврвҳои таърихӣ пайраҳаҳои пурпечу тобро тай намуда, бо нерӯю қудрат ва тавоноии худ то ба замони мо омада расидааст. Дар тай намудани ин роҳи пупечутоб асолат ва шевогию равонии худро аз даст надода, ҳифз кардааст. Ҳамзамон дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша пайи тоза нигоҳ доштани забони миллӣ, ҳуввияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз забон ва миллати худ дифоъ намудаанд.
Хондан ...- Намоишҳо : 96
Забони модарӣ барои ҳар як миллат ҳамчун ҳадяи гаронбаҳои тақдир ва муъҷизаи нотакрори табиат буда, ҳамчун ҷон дар пайкар аз мавҷудияти миллат шаҳодат дода, муҷиби пойдориву бардавомии он мегардад. Ин аст, ки забонро хишти аввалини кохи миллат, дирӯзу имрӯзу фардо ва шиносномаи миллат дар масири таърих номидаанд. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки миллати фарҳангӣ ва тамаддунофари моро маҳз ҳамин забони нобу шево, забони илму фарҳанг ва шеъри оламгираш дар гирудорҳои сахти сарнавишти таърихӣ чун ҷавшани фулодине, аз ҳама гуна хатарҳои маҳв шудан ва аз байн рафтан эмин нигоҳ доштааст.
Хондан ...- Намоишҳо : 63
Тоҷикон аз гузаштаҳои дур ва дар давраҳои гуногуни таърих ҳамеша дар муборизаҳо, дигаргунсозиҳову бархўрдҳои таърих аз худ шаҳомату матонат, пойдорӣ ва доноӣ нишон дода, аз имтиҳони вақту замонҳои пурпечутоб, аз вартаҳои ҳалокатбор сарбаландона берун баромадаанд.
Хондан ...- Намоишҳо : 282
Ҳомии сулҳи ҷаҳон, Сарвари маҳбуби тоҷикон, Сиёсатмандори сатҳи ҷаҳонӣ, абармарди оқилу оянданигар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози эҳёи табиат, фасли рӯстанҳову шукуфтанҳо бо хиради созандаи худ барои мардумони дӯсти тоҷику қирғиз баҳор оварданд. Баҳори шодиву нусрат, баҳори бепоёну бехазони ҳамдиливу ҳамҷавории нек.
Воқеъан, дар оғози ин фасли нозанин ба имзо расидани Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ миëни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва боз гардидани гузаргоҳҳои сарҳадиву ба ҳам пайвастани қалбҳои ду миллат, рӯйдоди беназиру фараҳбахш аст. Зеро сулҳу ваҳдату якдилӣ баҳорест, ки садҳо баҳори дигар ба армуғон дорад. Сарвари маҳбубу гиромии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо фаъолияти созандаи хеш исбот намудаанд, ки сулҳ ва ҳамдилӣ беҳтар аз ҷангу нофаҳмиҳост ва "Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг".
Вақте роҳбари ду кишвари ҳамсоя ба ҳамдигар оғӯш мекушоянду аз ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва марзкушоиҳо мегӯянд, худ нишони ғалабаи хиради воло ба эҳсосот аст.
Хондан ...



