Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

satorova

Сатторова Меҳринисо - cармутахассиси шуъбаи таълими Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар н.Ёвон

БА ИФТИХОРУ ИСТИҚБОЛИ
ҶАШНҲОИ МУҚАДДАСИ РӮЗИ
ЗАБОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

Забони модарӣ барои ҳар як миллат ҳамчун ҳадяи гаронбаҳои тақдир ва муъҷизаи нотакрори табиат буда, ҳамчун ҷон дар пайкар аз мавҷудияти миллат шаҳодат дода, муҷиби пойдориву бардавомии он мегардад. Ин аст, ки забонро хишти аввалини кохи миллат, дирӯзу имрӯзу фардо ва шиносномаи миллат дар масири таърих номидаанд. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки миллати фарҳангӣ ва тамаддунофари моро маҳз ҳамин забони нобу шево, забони илму фарҳанг ва шеъри оламгираш дар гирудорҳои сахти сарнавишти таърихӣ чун ҷавшани фулодине, аз ҳама гуна хатарҳои маҳв шудан ва аз байн рафтан эмин нигоҳ доштааст.

Имрӯз низ дар чунин як замони муракаби бархӯрди тамаддунҳо, ки дар ин набард тамаддунҳои пурқувват фарҳангу тамаддунҳои харобу костагардидаистодаро маҳв менамоянд, вазифаи ҳар як фарди бонангу ор, фарзандони фарзонаи миллат ин аст, ки забони модарии хешро , ки ягона сипари боэътимод баҳри наҷоти миллат дар набарди тамаддунҳост, аз ҷон ҳам гиромитар дошта, баҳри поку беолоиш ва бегазанд нигоҳ доштану ҳамчун мероси гаронбаҳо ба ояндагон тақдим намудани ин арзиши муқаддас пайваста талош варзад. Зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бузургии қудрати забон ва рисолати таърихии ин арзиши муқаддаси миллӣ борҳо таъкид намудааст; “Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст. Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш, маҳз аз поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад”.

Ин масъулияти бузург, ин вазифаи пуршараф ва ин рисолати муқаддас дар ҳамаи давру замонҳо аз ҳама бештар бар дӯши омӯзгорон аст. Омӯзгор дар ин раванд рисолати худро ҳанӯз аз замони гузоштани нахустин қадамҳои шогирд ба дунёи илму маърифат оғоз намуда, бо лаҳни гуҳарбору каломи саршори муҳаббати хеш қалби насли наврас ва қишри ояндасозро нисбати донишу маърифат гарм месозад. Маҳз аз ҳамин лаҳзаҳо омӯзгор ва устод бояд дар замири дили шогирдон донаҳои аввалини лафзи поку шевои модариро бо риояи меъёри забони адабӣ кишт намояд. Зеро вақте кӯдак бо як қалби лабрези шодиву фараҳ ва як ҷаҳон умед ба оянда ва бо чашмони аз шавқу шодӣ шӯълапош вориди ин мазраи маърифат мегардад, ҳар як сухан, ҳар як гуфтори устодону омӯзгорон барояш ниҳоят азизу дилнишин аст. Ҳар як сухан ва гуфтори омӯзгор ҳамчун нақше дар санг барои тамоми умри шогирд боқӣ мемонад. Пас, бояд омӯзгор дар замири дили поку мубаррои шогирдон, дар зеҳни беолоиши онҳо тухми муҳаббату самимият нисбат ба забони модариро бо забони тозаи адабӣ кишт намуда, дар сабзишу камолоти маънавии насли наврас, дар суханвару забондон гардидани онҳо тамоми саъю талоши худро равона созад. Омӯзгор бояд ҳам дар ҷараёни дарсҳо ва машғулиятҳо бо шогирдон ва ҳам дар муоширати доимӣ бояд бо забони латиф ва шевои адабӣ сухан гуфтанро хеле барвақт, яъне аз оғози таҳсили шогирдонаш дар синфи 1 - ум оғоз намуда, риояи ҳатмии меъёрҳои онро аз онҳо қатъиян талаб намояд. Дар дарсҳо ҳамеша шогирдони худро ба сухан гуфтан бо забони адабӣ водор созад. Аз ёд кардани порчаҳои насрии бо забони тозаи адабӣ дар бораи Ватан, Модар, Падар, муаллим, Дониш, Сулҳ, Дӯстӣ, Бародарӣ, Васфи зебоиҳои кишвари худ ва ғайраро ба шогирдон супориш диҳад. То ки дар ҳамин айём зеҳни беолоиши кӯдак аз суханҳои равону суфтаву тозаи адабӣ ғанӣ гардад ва дар зеҳну дили онҳо ҷойе барои сухани ноҷову калимоти қабеҳу ноҷур ҷой намонад. Таъсири алфози неку гуфтори тоза ба забони ноби адабии тоҷикиро ончунон дар ниҳоди шогирдон рушд диҳад, ки ҳеҷ гоҳ забони худро бо суханони норавону бемантиқ ва гуфтори нофорам олуда насозанд.

Барои ба ин мақсад расидан қабл аз ҳама худи омӯзгор бояд нутқи равон, маданияти гуфтор, маҳорати суханварӣ, фонди луғавии бой, дониши қавӣ ва лутфи хушоянд дошта бошад. Барои ин сифатҳоро соҳиб шудан бошад, пайваста дониш омӯхтану аз худ намудани ганҷинаи бегазанди илму ҳикмати гузаштагон зарур аст. Чунон ки ниҳол аз обу ғизо сарсабзу боровар мегардад, нутқи инсон ҳам аз омӯзишу мутолиаи пайваста рушду такомул ёфта, буррову суфтаву омӯзанда мегардад. Дар баробари ин омӯзгор барои рушду такомули забони адабӣ ва суханвару забондон гардидани шогирдони хеш дар тамоми давраҳо ва зинаҳои таҳсил дар мактабу муассисаҳои вазифадор аст, ки тадбирҳо ва чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намояд. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки фонди луғавии забони имрӯзаи мо вобаста ба тараққиёти рузафзуни илму техника, раванди ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо ворид гардидани калимаву таркибҳои зиёди иқтибосӣ, инчунин дар таркиби забони модарии мо мавҷуд будани лаҳҷаву шева ва гӯйишҳои маҳаллӣ, ниҳоят бой гардида, ба асолати забони модарии мо ва латофату назокати гуфтор дар забони асили тоҷикӣ латма мезанад. Аз ҳамин хотир, риояи меъёри ягонаи забони адабӣ, ки асолати забон дар маҳз дар доираи ҳамин меъёр нигоҳ дошта мешавад, қарзи фарзандии ҳар як соҳибзабон мебошад. Яке аз тадбирҳои муҳим дар ин самт дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намудани фаъолияти маҳфилҳои адабӣ, бо номҳои “Шукуфаҳои сухан”, “Забони ман - ҷаҳони ман”, “Суханвар”, “Адибони ҷавон”, “Андалебони сухангӯ”, “Забондон”, “Аниси кунҷи танҳоӣ” , “Ровиёни ҷавон” мебошад, ки дар кори ин маҳфилҳо дар баробари ба шогирдон омӯзонидани маҳорати суханвариву забондонӣ, инчунин дарсҳои амалӣ аз доираи меъёри забони адабӣ гузаронида мешавад. Инчунин омӯзгори имрӯза вазифадор аст, ки барои рушду инкишоф ва нигоҳ доштани асолати забони адабӣ пайвста талош намояд, баҳри расидан ба ин мақсади наҷиб на танҳо зимни дарсу машғулиятҳо, балки дар муоширати рӯзмарра низ риояи меъёри забони адабиро аз шогирдони худ талаб намояд. Насли наврасро ба он водор созад, ба хотири гиромидошт ва эҳтиром нисбат ба ин арзиши муқаддаси миллӣ, яъне забони модариямон муносибати некбинона дошта бошанд. Пайваста баргузор намудани озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Ровиёни беҳтарин”, “Луғатдони беҳтарин”, “Шоҳномахонӣ”, “Хайёмхонӣ”, “ Рӯдакихонӣ”, “Модарномаи Лоиқ”, “Қироати шеъру таронаҳои ватандӯстона”, “Сайри маънии ғазалҳои Ҳофизу Саъдиву Бедил”, “Маснавихонӣ” ва дигар чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ, дар муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои асосии фаъолият ва тақозои масъулияти бузурги омӯзгор дар рушду такомули забони адабии тоҷик мебошад ва ин тадбирҳо дар пойдории асолати забони адабӣ, суфтаву равон, латифу шево садо додани нутқи шифоҳии насли наврас муоидат менамояд. Тадбири баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ташаббус ва Амри Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтаам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир, ки дар кишвари мо ҷараён дорад, низ дар ин амри хайр мусоидат менамояд. Зеро насле, ки рӯ ба китобу китобхонӣ ва азбар намудани осори пурғановати бузургони илму адаб меорад, аз нашъаи гулзори суханони ҳикматноки онон баҳравар ва аз сарчашмаи зулоли каломи дилнишини эшон қалбу забонаш шодоб мегардад. Дар ин амали ҳакимона , яъне тавассути парваридани шогирдони суханвару сухандон ва дар ниҳоди онҳо бедор намудани эҳтиром ба забони шевою латифи модарӣ нақши омӯзгор басо бузург аст. Ин ҳикмати шоирона низ бояд сармашқи кори ҳар як омӯзгори имрӯза бошад:

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Ин мисраъҳоро чун муҳаббатномае ба забони модарии хеш ва дӯстдорони ин забони ширину шево ва ин рукни асосии фарҳангу тамаддуни бузургу ҷовидонаи миллати хеш бахшидаам.

Забони модарӣ

Дар насими дилнавози субҳгоҳони баҳор,

Дар дуои меҳрбори мўйсафедони диёр.

Дар насиҳатҳову ҳикматҳои  ширини падар,

Дар навои аллаҳои модари  шабзиндадор.    

Ин қадар ширин садо дорӣ,  забони модарӣ

Форам аз овози булбул,  хониши кабки дарӣ.

Дар шаби тўйи арўсӣ,  дар суруди ёр-ёр,

Дар  садои  ҳофизону наѓмаҳои чангу тор.

Дар навозишҳои  ширину латифи  модарон,

Ки намоянд ҳар замон бар тифлакони худ нисор.  

Боз рангинтар садо дорӣ, забони модарӣ

Дар  латофат, эй забонам, аз ҳама авлотарӣ.

Дар фазои дарси устоди наҷибу ѓамгусор,

Дар садои қалби шогирдони шўху беқарор.

Дар нидои пурҳарорат,  қалби саршори муҳаббат,

Дар насиҳатҳову панду  ҳикмати омўзгор.

 Зиндаву ҷовид монӣ, эй забони модарӣ,

 Эй бақои умри миллат, ҳамчу ҷон дар пайкарӣ.

Дар  садои  нойи  чўпонон  ба  дашту  кўҳсор,

Шир-шири борони  найсону  навои  чашмасор.

Дар ҳама рози нуҳуфта, сирри  дилҳои нагуфта.

Дар   суханҳои  ниҳони  ошиқони  беқарор.

Ҷой дорӣ дар дилу ҷон, эй забони модарӣ,

Ин қадар ширинадоӣ   ҳамчу нози дилбарӣ.

Бо садои рўҳбахши  Сарвари  бонангу ор,

Сарваре,  ки карда бахти неки миллатро шиор.

Бо нидои боҷасорат,  нутқҳои пурҳарорат,

Ў  зи  минбарҳои  олам бо забони шаҳдбор.

Шуҳраи офоҳ бинмуда забони модарӣ,

Ў  ба фарқи ин забон бинҳод тоҷи сарварӣ.

 

 

Забони модарӣ

Шукр гӯям зиндагиро бо каломи меҳрбор,

Бо  забони модарӣ, он кони ганҷи шоҳрвор.

Ҳар гаҳе  бо  лаҳни  ширин  алла  гӯяд модарам,

Мерасад бар гӯш  ҳамчун  хонишу  савти ҳазор.

Гар зӣ  минбарҳои  олам  бишнавам  лафзи дарӣ,

Мешавам  мафтуну  шайдои  садои шаҳдбор.

Ман забони модариямро  чу ҷон мепарварам,

Сарбаландам аз забонам,  дорам аз он ифтихор.

Бо забони модари ман “Маснавӣ”  эҷод шуд,

“Шоҳнома” ҳамчу  қасри  маъние  бунёд  шуд.

Панду ҳикматҳои Саъдӣ  гавҳари шеъри Камол, 

Ҳар  ки  гирад  баҳрае  қалбаш  зи  ғам озод  шуд.

Дар дуову  панди пирон,  ҳикмати  пайғамбарон,

Дар нидои  қалби  тифлон,  аллаҳои  модарон.

Дар  суруди  пурнишоту  нағмаҳои  булбулон,

Эй  забони поки модар,  зинда монӣ ҷовидон.

Ганҷу сарват,  фатҳу нусрат  аз ту дорам, эй забон,

Даст ба кўйи  саодат  аз ту  ёбам,  эй  забон.

Бахти мойӣ,  шаъни мойӣ,  зинда бошӣ, эй забон,

Аз худо дорам таманно, бар  ту  умри  ҷовидон.

 

Сатторова Меҳринисо - cармутахассиси шуъбаи таълими Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар н.Ёвон

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон