Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

izatov-subhiddin

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Ҳалқи тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик ҳанӯз дар таърихи аввали давлатдории худ соҳиби артишу сипоҳи ҷангозмудаву бонизом будааст, ки он дар зафарёбиҳои бесобиқаи худ аз муҳимтарин восита маҳсуб мешавад. Агар дар саросари шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ “Шоҳнома” рӯ оварда шавад, ба хубӣ мунъакис мегардад, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби давлату артиш буда, дар таҳкими амнияти худ тадбирҳои муҳим андешидааст. Ҳимоят аз сарзамини аҷдодӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти он, эҳтиром гузоштан ба ҳар зарра обу хоки Ватан маҳакаи асосии ин асари таърихӣ аст. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик бо гиромидошт ва арҷгузории хоки поки худ решапайвандии амиқ дошта, дар ин масир пайроҳаҳои зиёдеро тай намуда, қувваи муҳофизати худро аз таъсири душманон дар баробари донишу хирад, маҳз, дар қудрати неруи ҷангии худ медид.

Имрӯз аз таъсиси ин артиши неруманд 32 сол пур мешавад. Дар давоми ин ин солҳо метавон гуфт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва тадбирандешиҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои оромиву осоиштагӣ ҳамраҳи Истиқлоли давлатӣ гомҳои устувор ниҳода омада истодааст.

Артиши миллӣ таҳти идораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 32 сол ба пешрафти азим рӯ ба рӯ шуда, он имрӯз бо техникаҳои ҳарбии замонавӣ таъмин буда, бо боварӣ метавон иброз дошт, ки амнияти кишварро аз ҳама гуна хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир эмин медорад. Аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардани Пешвои миллат ба Артиши миллӣ ҳам бесабаб нест, зеро вазъи сиёсии ҷаҳон водор мекунад, ки дар баробари зиракии сиёсиро аз даст надодан, пурқудрат намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар манфиати кор хоҳад буд. Сарвари давлат ҳамеша дар баромадҳояшон бобати ин масъала ибрози назар мекунанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ҳам нукта ба сароҳат ҷилва медиҳад: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – тераризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи қобилияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси маъулиятшиносӣ ва инсондӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд”.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки сиёсати Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат дар самти ҳифзи марзу буми Ватан қобили васфу ситоиш аст. Шукргузорӣ аз амнияти сартосарии кишвар намуда, содиқона пайи хизмат ба халқу Ватан гардидан вазифаи ҳар шахси ватандор аст. Хушбахтона, имрӯз ҳамаи шароитҳо барои хизмат дар сафи неруҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шуда, ҳолатҳои будубоши сарбозон ба маротиб беҳтар гардидааст. Аз ин рӯ, мебояд, ки ҳар фарди худшинос хизмат ба Ватанро бо масъулияти баланд дарк намуда, пайи иҷрои ин қарзи фарзандӣ камари ҳиммат бандад.

Дар фарҷом ҳамаи хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба муносибати 32-юмин солгарди Артиши миллӣ табрику муборакбод намуда, дар иҷрои хизмати садоқатмандонаи ҳар яки онҳо, барору зафармандӣ орзумандам.

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон