- Намоишҳо : 12
Имрӯз аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷҳои технологӣ -фарматсевтӣ ва тиббии ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳони мубориза бар зидди ВНМО дар маркази ноҳия аксияи таблиғотӣ таҳти унвони "Ба муқобили бемориҳои сироятӣ мубориза мебарем" баргузор карда шуд.
Дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби донишҷӯён ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ тақсим карда шуд.
Хондан ...- Чорабиниҳои фарҳангӣ
- Намоишҳо : 21
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мушаххас ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии муассиса Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Парчами ному нанги мо" баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ донишҷӯён бо намоиши театрӣ ва қироати шеърҳо ва порчаҳои насрӣ дар ситоиши Парчам ҳамчун як арзиши муқаддаси миллӣ ба Конференсия ҳусни оғоз бахшиданд. Дар қисмати расмии он омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ Воҳидов Неъматхон, Собитзода Суманбону, Ҷононаи Бобохон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Хондан ...- Чорабиниҳои фарҳангӣ
- Намоишҳо : 18
Таҳти ҳамин унвон дар кафедраи табиӣ-риёзии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ташаббуси мудири кафедра-Сафаров Хусрав дар гурӯҳи 2529, ихтисоси кори фарматсевтӣ дарси кушоди тарбиявӣ дар шакли Дарс-конференсия баргузор карда шуд. Бояд қайд намуд, ки ташаббуси мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои мушаххас, ки аз ҷониби роҳбарияти муассиса ҷиҳати сазовор истикбол гирифтани Рӯзи Парчам тасдиқ гардидааст, доир гардида, аз масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтироми хоссаи кормандони ин даргоҳ нисбат ба муқаддасоти милливу арзишҳои волои ватандорӣ дарак медиҳад.
Хондан ...- Ҷаласаи шӯрои омӯзгорон
- Намоишҳо : 32
10 ноябри соли 2025 ҷаласаи навбатии Шӯрои омӯзгорони (олимони) Коллеҷи технологӣ- фарматсевтии Тоҷикистон бо дар бар гирифтани масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таълим, дар роҳи дуруст тарбия намудани насли наврас, риояи интизоми меҳнат, давомоти донишҷӯён ва истифодаи роҳу усулҳои нави илмомӯзӣ дар раванди таълим баргузор гардид.
Хондан ...





